- ғафс
- [غفس]1. ҳар чизи ҷуссааш пурра ва қавӣ, ситабр, кулуфт; фарбеҳ, тановар; ғафсу ғӯла фарбеҳу қадпаст2. калон дар қутр; муқоб. борик: арғамчини ғафс, ғӯлаи ғафс, занҷири ғафс, сими ғафс, сутуни ғафс, химчаи ғафс3. калон дар захомат, захим; сермағз, серқабат; муқоб. тунук: девори ғафс, коғази ғафс, нони ғафс, чарми ғафс, шишаи ғафси ношикан4. зич, ҷафс: абри ғафс, дуди ғафс, чанги ғафс, қабати ғафси атмосфера; барфи ғафс барфи зиёди ба рӯи замин борида; китоби ғафс китоби дорои варақҳои зиёд; китоби ҳаҷман калон; пардаи ғафс пардаи аз матои зичбофта5. ғализ: қаймоқи ғафс, шири ғафс6. ғулӣ, сермӯй: абрӯвони ғафс, бурути ғафс7. маҷ. дурушт, дағал, хашин; овози бам: овози ғафс, садои ғафс; гардани ғафс гардани кулуфт, гардани фарбеҳ; муқ. гарданғафс; лаби ғафс лаби сергӯшт; муқ. лабғафс (лабдӯл); сояи ғафс сояе, ки ягон ҷои нургузар надорад, сояи пурра; хати ғафс хати бо қалами калон кашидашуда; ғафс кардан а) сермағзу серқабат кардан; б) ғализ кардан; ғафс шудан а) ситабру фарбеҳ шудан; б) ғализ шудан◊ ҳамёни ғафс ҳамёни серпул
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.